энергетика
ЭНЕРГИЯИ АЛТЕРНАТИВӢ. ТОҶИКИСТОН ИМКОНИ РУШДИ ОНРО ДОРАД
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2017 зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз» сафарбар кардааст.
Бино ба гуфтаи олимони ватанӣ, дастрастарин манбаи барқароршаванда барои Тоҷикистон барқи офтобӣ мебошад. Зеро кишвари мо дар камари офтобӣ ҷойгир буда, то 300 рӯзи офтобӣ дорад.
Неруи офтобӣ тамомнашаванда ва аз ҳама бехатар аст. Аммо, феълан, сохтмони неругоҳҳои офтобӣ барои кишвари мо гарон буда, истифодаи он аз ҳарорати ҳаво вобаста аст. Алҳол олимон мушкили мавсимӣ ва номунтазам будани нурафшонии офтобро тавассути истифодаи батареяҳои озмоишӣ ҳал карданианд.
Ба андешаи олимони соҳа энергияи Офтоб, бод, Замин, биомасса манбаҳои барқароршавандаи энергия мебошанд, ки бояд омӯхта шаванд ва муайян гарданд, ки дар кадом нуқтаҳои Тоҷикистон метавон аз онҳо истифода бурд. Тибқи назария, аз нурҳои Офтоб ба ҳар як метри мураббаии ҳудуди Тоҷикистон 1кВт энергия истеҳсол кардан мумкин аст. Вале табдил додани нурҳои Офтоб ба барқ мураккаб аст. Барои ин донистани хосияти нурҳо ва тарзи табдили онҳо ба энергияи электрикӣ муҳим аст. Вақте ки нури Офтоб ба модули офтобӣ аз элементҳои хурди офтобӣ – маъдани кремний ва силитсий сохташуда мерасад, фотон ба волт мубаддал мегардад. Кремний маъданест, ки аз ҳисоби кварс ё булӯри кӯҳӣ ҳосил мешавад. Барои модули офтобӣ на худи кремний, балки дуоксиди кремний (0,0000001 дарсад омехтаи кремний) лозим аст. Аз ин рӯ, бояд технологияи арзони ҳосил кардани чунин кремнийро пайдо намуд.
Олимон иброз медоранд, ки агар мақсад истифодаи энергияи Офтоб бошад, мо бояд неругоҳҳои офтобӣ дошта бошем. Ба гуфтаи онҳо дар Тоҷикистон имкони бунёди неругоҳи офтобии 10 кВт мавҷуд аст. Вале дар хотир бояд дошт, ки дар ҳар макон параметрҳои иқлимӣ гуногунанд. Барои мисол, параметрҳои Душанбе ба Хоруғ рост намеоянд. Бинобар ин, омӯзиши вобастагии энергияи Офтоб аз параметрҳои иқлимӣ (гармӣ, хунукӣ, намнокӣ) зарур мебошад. Баландӣ аз сатҳи баҳр низ омӯхта мешавад, зеро дар минтақаҳои баландкӯҳ чангу хок камтар буда, қабули шуоҳои Офтоб хубтар аст.
Боиси тазаккур аст, ки коршиносони СММ гуфтаанд, ки инсоният бояд то нимаи аср партови газҳои бухоршавандаро 70 дарсад коҳиш диҳад ва то соли 2100 онро пурра аз байн барад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем оқибатҳои фоҷиабори экологиро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, олимон сарчашмаҳои муфид, барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқро ҷустуҷӯ доранд.
Барои мисол, Тоҷикистон аз чашмаҳои гарм, ки манбаи барқароршавандаи энергия ба ҳисоб мераванд, бой аст ва онҳо аслан бо мақсади табобат истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар чашмаи «Ҷелондеҳ» (+670С) ҳарорати баландтарини об ба қайд гирифта шудааст , аммо ба гуфтаи мутахассисон ин барои бунёди неругоҳ кофӣ нест. Агар тавассути парма кардан, обе, ки ҳарорати он то +2000С мерасад, бароварда шавад, метавон неругоҳи геотермалӣ сохт. Неругоҳҳои барқии геотермалӣ дар нимҷазираи Камчатка ва ҷазираҳои Курили Русия мавҷуданд.
Дар баробари ин, олимони ватанӣ дар самти ба даст овардани энергияи биомасса (рустанӣ) низ кор бурда истодаанд. Дар Тоҷикистон рустании сершохубарги топинамбур, ки дар дилхоҳ ҷой, бе обёрӣ хуб нашъунамо меёбад, зиёд вомехӯрад. Олимон чи тавр аз массаи он гирифтани неруи барқро тадқиқ доранд. Ғайр аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон то соли 2020-ро қабул кард.
Тибқи арзёбии олимон, дар Тоҷикистон, инчунин, аз масолеҳи сохтмонӣ имкони истеҳсоли батареяҳои офтобӣ мавҷуд аст. Вале дар ҷаҳони муосир мавҷудияти танҳо мавод нақши асосӣ надорад. Будани инфрасохтор, мутахассис, корхона, маблағгузор ва ба ҳам омадани онҳо муҳим аст.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2018 №: 38 Мутолиа карданд: 17619