ҳуқуқ
ИФРОТГАРОӢ. АЗ ҶАҲОЛАТ ТО ГУМРОҲӢ
Терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо солҳост ба амнияти ҷомеа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср дар гузашта низ домангири ҷомеаи инсонӣ буд, вале охири асри XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ин нуктаро таъкид намудаанд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Сарвари давлати мо ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз паёмадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд.
Коршиносону таҳлилгарон низ ба ҳамин назаранд, ки дар сурати идома ёфтани чунин вазъ домони нооромиҳо боз ҳам густурдатар шуда, амнияти саросарии ҷаҳон халалдор хоҳад шуд. Таассуфовар аст, ки гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз дини мубини ислом барои худ сипар карда, амалҳои ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки ба таъкиди Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳамагуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд».
Мутаассифона, бархе ҷавонони мо низ аз сабаби заъфи дониши диниву дунявӣ, шуури сиёсӣ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афтида, рӯзгори худу пайвандонашонро талху доғдор менамоянд.
Аз ин рӯ, доираҳои гуногуни ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ба кори таълиму тарбия ва камолоти маънавии насли наврас бетараф набошанд. Ҳамагон, бояд тавассути ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ талош варзем. Бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, ватандӯстонаву бунёдгарои Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фазои амну осоиштаи кишвар ва саодати насибгаштаи рӯзгорамон даст ба кор бошем.
Исфандиёр БАДАЛОВ,
устоди ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2018 №: 38 Мутолиа карданд: 1065