номаҳо
10 СОЛИ САРГАРДОНӢ БАРОИ КУШОДАНИ НУҚТАИ ФУРӮШИ КИТОБ
Шукргузорам, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ мекунам ва мисли Эмомалӣ Раҳмон Пешво дорем. Фарзонафарзанди миллат, ки ҳамчун кафили сулҳу ваҳдат ва таъмини озодиҳои ҳар яки мо то имрӯз заҳматҳо мекашанд. Аммо, афсӯс, дар маҳалҳо амалдороне низ ҳастанд, ки на ба халқ хизмат мекунанду на ба қадри заҳматҳои Сарвари давлат мерасанд.
Сарвари давлат ҳанӯз соли 2007 бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани дониши мардум, хусусан насли наврас, супориш дода буданд, ки дар шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои фурӯши китоб таъсис дода шаванд. Ман, ки он солҳо омӯзгор будаму ба насли наврас таълим медодам, аз ин иқдом бениҳоят хурсанд шудам. Тасмим гирифтам, ки дар зодгоҳам - маҳаллаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб як нуқтаи фурӯши китоб кушоям. Ин маҳалла маркази маъмурӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолии ҷамоат буда, дар он зиёда аз 6000 нафар истиқомат мекунад. Дорои муассисаи таҳсилоти умумӣ (бо 1020 хонанда), мактаб - интернат, қасри фарҳанг, автодром аст, аммо ягон нуқтаи фурӯши китоб нест. Ман, ки дар солҳои гузашта дар «Ҷамъияти дӯстодорони китоб» - и собиқ вилояти Кӯлоб фаъолият мекардам ва таҷрибаи ғанӣ доштам, бароям кушодани мағозаи китоб чандон мушкил наменамуд.
16 ноябри соли 2008 ба номи раиси онвақтаи шаҳри Кӯлоб бо ариза муроҷиат кардам. Аризаамро ба қайд гирифта, ба шуъбаи меъмории шаҳр, пас ба идораи замин равон намуданд. 24 феврали соли 2009 ариза бо пешниҳоди кумитаи замин ба Ҷамоати деҳоти Кӯлоб баргашт. Ҳамин тавр, қариб 10 сол аз як идора ба идораи дигар даву тоз дораму натиҷааш маълум нест. Аз соли 2008 то имрӯз се раиси шаҳр, чор раиси кумитаи замин, панҷ меъмор, чор раиси ҷамоат иваз шуданду касе ба дарди ман нарасид. Ва ин дар ҳолест, ки дар маҳаллаи мазкур мағозаи фурӯши китоб зарур аст.
Дар ин муддат барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи хӯрокворӣ, дорухона ва ғайра барои қариб 2000 нафар замин ёфт шуду барои мағозаи китоб не. Бо истифода аз гӯшаи бонуфузи «Шаҳрванд» мехоҳам аз шахсони мансабдори масъул пурсам, ки то кай боз бо ин амалашон маро сарсон кардан мехоҳанд.
Ҷаббор РАҶАБОВ,
сокини деҳаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб,
собиқ омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2018 №: 39 Мутолиа карданд: 1335