порлумон
ЯК СОЗИШНОМАИ МУҲИМ Ё ТАСВИБИ ҲУҶҶАТЕ, КИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИРО ТАКОН МЕБАХШАД
Давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тасмим гирифтаанд, ки бо таъсиси институт ва ё ниҳоди вижае ҳамкориҳои худро таҳким бахшанд.
Дар порлумони мамлакат бо мақсади тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи давлатҳои аъзо, баланд бардоштани неруи зеҳнии кормандони вазорату идораҳо ва дарёфти роҳҳои ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ба тасвиб расид.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи созишнома иброз дошт, ки Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ 6 ноябри соли 2014 дар конфронси 13 – уми вазирони давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шудааст. Дар барнома ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Покистон, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Хазинаи байналмилалии асъор ва Барномаи рушди СММ шомиланд. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи ин барнома амалӣ шуда истодааст, аз тарафи ташкилотҳои мазкур ва давлатҳои аъзо маблағгузорӣ мешавад. Сармоягузориҳо асосан ба самтҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, сиёсати савдо ва мусоидат ба савдо равона шудааст.
Дар доираи ин барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз даҳ лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ шуда, 11 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зикр кард, ки вазифаҳои асосии институти мазкур аз баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони давлатҳои аъзо дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахшҳои номбаршуда, дастрасӣ ба донишҳои замонавии инноватсионӣ, анҷом додани тадқиқотҳои муосир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, тақвияти иқтидори ҳамкориҳои минтақавӣ ва дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадам дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад.
Идораи институт аз тарафи Шӯрои идоракунӣ, ки аз ҳисоби намояндагони давлатҳои аъзо дар асоси принсипи баробарӣ таъсис дода шудааст, амалӣ мешавад. Қароргоҳи он дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.2018 №: 41 Мутолиа карданд: 5230