сафарҳо
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон
15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар марҳилаи сеюми машқҳои муштараки комплексии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ «Ҳамкорӣ-2009» ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2203