президент
Машварат дар ҳузури Сардори давлат
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим машварати корӣ анҷом дод.
Дар боби омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи зиёд ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои об ва нерӯи барқ зоҳир шуд. Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари воридот фурӯши лампаҳои тасфон ҳам дар моҳҳои наздик манъ карда шавад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан таҳти назорати доимӣ қарор бигирад.
Аз рафти таҷдид ё худ азнавсозии агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки аллакай чархи дуюмаш аз Украина ба Тоҷикистон расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки чархи якуми нерӯгоҳ соли равон иваз шуд ва он бо иқтидори 335 мегаватт кор карда истодааст. Чархҳои ҳамаи 9 агрегат дар зарфи 5 сол пурра иваз карда хоҳанд шуд ва дар натиҷа иқтидори лоиҳавии он, ки 3000 мегаватт аст, аз нав барқарор мегардад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини дахлдор оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.
Баррасии рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳу пулҳо, мактабу бемористонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста таҳти назорат қарор дошта бошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3848