logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с.2006, №3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод.818; с. 2011, № 3, мод.160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ.1, мод.1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- банди 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошад. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан, ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудаанд, ба буҷет ситонида мешаванд, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);»;
- дар банди 13) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, бандҳои 14), 15), 16), 17), 18) ва 19) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«14) воридоти ашё  (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
15) воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
16) воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
17) воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат;
18) воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
19) воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 - 50 фоиз.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1512


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2018, № 998


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 510


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 1710
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед