ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
«КОРМАНДИ МАОРИФ»
бо 27 000 сомонӣ дастгир шуд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи як корманди корхонаи «Моҳир семент» - и ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба иттилои маркази матбуотии агентӣ, Абдусалом Сангов, ки дар корхонаи мазкур ба ҳайси борбардор кор мекард, моҳи августи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, аз ӯ 27 000 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Номбурда худро корманди раёсати маориф ва илми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, аз шаҳрванд «А» ин маблағро барои ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил намуданаш талаб кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Сангов Абдусалом Маҳмадалиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
САРХУШӢ
писарро қотили падар кард
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд марди 29 – солаеро дастгир намуданд, ки дар ҳолати мастӣ мушт бар сари падари 61 - солааш бардошта, ӯро аз ҳаёт маҳрум кардааст.
Сомонаи ВКД дар ин бора хабар дода, аз ҷумла навиштааст, ки «номбурда, рӯзи 21 феврали соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш, муноқиша карда, бо мақсади қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ба сари падараш аввал бо миз ва баъдан сарашро ба кунҷдевори тиреза задааст. Дар натиҷа, марди ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса, ба ҳалокат расидааст».
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
ҲАЛОКАТИ НАВРАСОН
Боздошти ронандаи фирорӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорие, ки рӯзи 22 феврал ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50 - солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе пиёдагардони хурдсол Норов Ҳамзаи 10 - сола ва Норова Дилнозаи 11 - соларо пахш намуд, хабар дод. Ин хурдсолон зимни ба беморхона интиқол доданашон ҳалок гардиданд.
Ба иттилои манобеи РВКД дар шаҳри Душанбе ҷиноятро ронандаи автомашинаи тамғаи “Ауди” бо рақамҳои давлатии бегона 8867АТ 07 ва бе шаҳодатномаи ронандагӣ шаҳрванд Шарифов Маъруф Давлатмамадович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст, ки ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.02.2018 №: 44 Мутолиа карданд: 1093