номаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ БАРҚ ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ РАСИДАН БА ОН АСТ
Боиси сарфарозист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати талошҳои пайвас- таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати созандаи мардуми диёр сол то сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Комёбиҳо, махсусан дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, назаррас мебошанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикист ва барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда зарур аст, ки таҷдиду барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи энергетика босуръат идома дода, талафоти неруи барқ кам карда шавад.
Пӯшида нест, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир, норасоии неруи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар маҳсуб меёфт. Дар пайи рушду нумӯи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, афзоиши аҳолӣ, бунёди иншооти гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, шаҳраку манзилҳои нави истиқоматӣ талабот ба неруи барқ дучанд афзуд. Маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ин солҳо аз 1 сентябр то моҳҳои марту апрел идома меёфт. Ҳатто имкон набуд, ки шаҳрҳои саноатӣ пурра бо неруи барқ таъмин карда шаванд.
Зуҳро Давлатова, сокини ноҳияи Синои пойтахт, бо сипосгузорӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар, иброз дошт, ки мо бояд ба қадри ин ғамхориҳо бирасем.
- Миннатдории кулли кормандони муассисаи таълимиамонро ба Сарвари давлат мерасонам. Тайи солҳои охир нахустин мавсими тирамоҳу зимистон аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ аҳолӣ бо неруи барқи доимӣ таъминанд. Шукри ободию осудагии давлат, ки имрӯз ба истиқлолияти энергетикӣ муваффақ шуда истодаем. Мо бояд аз неъматҳои истиқлолият шукрона карда, онҳоро оқилона ва сарфакорона истифода барем, ба талафи неруи барқ роҳ надиҳем ва дигаронро низ ба сарфакорӣ талқин созем, - гуфт Насрулло Бобоев, омӯзгор аз шаҳри Ҳисор.
Барои зудтар расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ зарур аст, ки дар кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф, ҳар яки мо ҳиссагузор бошем. Истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва сарфаи неруи барқ қабл аз ҳама ба худи муштарӣ манфиат дорад. Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Матлуба ШАРИФОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.02.2018 №: 44 Мутолиа карданд: 1482