ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродбой Муслимов, ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Орифҷон Султонов, адвокати коллегияи адвокатҳои кафолат, мақоми минтақавии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Писарам дар Федератсияи Русия мебошад. Мехоҳад, ки манзили истиқоматиашро фурӯшад. Оё барои анҷоми ин кор аз Русия омаданаш шарт аст, ё ягон роҳи дигари қонунӣ барои фурӯхтани хонааш вуҷуд дорад?
П. НУРУЛЛОЕВ, ноҳияи Ҷайҳун
Тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бегона кардани моликият тавассути намояндагӣ иҷозат дода нашудааст. Аз ин лиҳоз, писари шумо метавонад, ки ваколатномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи худро ба шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, фиристонад ва тавассути он манзили истиқоматиро ба фурӯш гузорад, ё бо дигар аҳдҳои муқарраршуда аз тасарруфаш барорад.
* * *
- Шахси ба нафақа баромада, агар боз ба ягон идораи давлатӣ ба кор дарояд, дар ин ҳолат як дарсад фонди суғуртавии нафақа месупорад ё не?
Абдуназар БЕКНАЗАРОВ ,
сокини ноҳияи Кӯшониён
Тибқи талаботи моддаи 216 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи андози иҷтимоие, ки ба буҷет гузаронда мешавад, барои суғурташавандагон меъёри андози 1 фоиза татбиқ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, шахсе, ки баъд аз баромадан ба нафақа ба яке аз идораҳои давлатӣ ба кор медарояд, дар ин ҳолат як дарсад фонди суғуртавии нафақа месупорад.
* * *
- Шавҳарам як сол пеш дар Русия вафот кард. Ман кор намекунам ва худам танҳо 4 фарзандамро ба воя мерасонам. Оё барои гирифтани нафақа ва кумакпулӣ ҳуқуқ дорам?
Муродгул АБДУРАҲМОНОВА,
сокини ноҳияи Тоҷикобод
Дар сурати вафот кардани шавҳар шумо ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доред. Ба шарте ки ба нигоҳубини кӯдаконе, ки синнашон ҳанӯз ба ҳашт нарасида бошанд, банд бошед. Дар ягон ҷо кор накунед ва, ҳамчунин, ба синну соли нафақагирӣ нарасида бошед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2018 №: 45 Мутолиа карданд: 1219