президент
ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истиқлолият яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин рӯ, баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукӯҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гарданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд омодагӣ гирифтан ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ Кумитаи тадорукоти Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Инчунин, қарор карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017, таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2018 №: 45 Мутолиа карданд: 17195