ҳуқуқ
НАШЪАМАНДӢ. БЕМОРИРО ПЕШГИРӢ МЕБОЯД
Бемории нашъамандӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба ҷони одамон ва солимии ҷомеа таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо низ ҷиҳати пешгирӣ аз нашъамандӣ муборизаи шадид мебаранд. Барои табобати беморони гирифтори нашъамандӣ ва майзадагӣ дар тибби наркологии тоҷик кадом усулҳои хос истифода мешаванд? Вобаста ба ин ва дигар паҳлуҳои масъалаи мавриди назар Рустам Шарипов, муовини директор оид ба корҳои муолиҷавии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ. Ғуломов, дар суҳбат чунин гуфт:
- Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ - наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов, ки муассисаи пешбари сохтори соҳаи хизматрасонии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, дар якҷоягӣ бо марказҳои наркологии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои ташхис, пешгирӣ, табобат ва барқароркунии (реабилитатсияи) беморони мубталои нашъамандӣ, майзадагӣ ва заҳрмандӣ ба аҳолӣ хизмати махсуси наркологӣ мерасонанд.
Тибқи маълумот нишондодҳои беморшавӣ ва дардмандӣ дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баланд мебошад. Омӯзиши истеъмоли маводи нашъаовар дар миқёси ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз шумораи умумии беморони дар қайд буда, 71,4 дарсадро истеъмолкунандагони ҳероин, 14,5 дарсад афюн, 6,2 дарсад банг ва 7,9 дарсадро беморони бисёрнашъамандӣ ташкил медиҳанд.
Мо дар самти муолиҷаи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ ғайр аз табобат тавассути доруҳо, боз миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба оқибатҳои ин беморӣ пайваста вохӯриву семинарҳои омӯзишӣ ва машваратҳо мегузаронем. Ҳамзамон, усули дигари коҳишёбии нашъамандони ба қайдгирифташуда, ин бо мурури замон аз қайди наркологӣ баровардани онҳо мебошад.
Баъд аз гузарондани табобат дар сохторҳои наркологӣ, нашъамандонро тавассути меҳнат табобат менамоянд, яъне бо кор машғул медоранд. Ин усул дар давраи табобати офиятбахшӣ дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии офиятбахши тиббӣ - иҷтимоии “Тангаӣ” истифода мешавад. Дар муассисаи мо бошад, усули махсуси табобати “безаҳролудгардонии зудамал” истифода мегардад, ки дар хориҷи кишвар ин усул ба роҳ монда нашудааст. Ҳамзамон, бо усули гиёҳдармонӣ низ табобат мекунанд. Беморони нашъаманд зиёда аз 30 дарсадро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар байни истеъмолкунандагони маводи нашъаовар занону духтарон ҳам ҳастанд.
Табобати бемории нашъамандӣ мушкил ва тӯлонӣ буда, аз 1 то 5 сол давом меёбад. Баъди гузаштани табобати пурра, бештари беморон аз истеъмоли маводи нашъаовар даст мекашанд, вале баъзеи онҳо бо таъсири шахсони бемори дар атрофашонбуда, боз ба истеъмоли он шурӯъ мекунанд. Гузаштан аз муоинаи тиббии ташхиси нашъамандӣ, мисли дигар намудҳои муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳ хеле зарурӣ мебошад. Зеро бармаҳал муайян намудани шахси нашъаманд - ин пешгирӣ аз дигар бемориҳои сироятӣ ва вайроншавии оилаҳои навбунёд низ мебошад.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2018 №: 46 Мутолиа карданд: 1567