logo

туризм

САЙЁҲӢ. РУШДИ ИНФРАСОХТОР ОМИЛИ МУҲИМИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН

Имрӯзҳо дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   дар пойтахт ва дигар минтақаҳои мамлакат бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла  меҳмонхонаҳои панҷситорадор, ҳостелу ҳомстейҳо (манзил барои истиқомати кӯтоҳ ё бардавом) ва осоишгоҳу пойгоҳҳои истироҳатӣ бо маром идома доранд.
Бино ба иттилои  Кумитаи рушди сайёҳӣ, айни замон сохтмони ҳостелҳо дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Дарвоз хуб ба роҳ монда шуда, ҷолибаш он аст, ки онҳо бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтаанд. Ҳамчунин, корҳо дар самти бунёди ҳостелҳо дар ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Мурғоб ва Шамсиддини Шоҳин ҷараён доранд. Баҳри рушди сайёҳии шикорӣ бошад, дар ноҳияҳои Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин меҳмонхонаҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар шоҳроҳи Душанбе – Норак – Данғара ва мавзеи Себистони ноҳияи Данғара иншооти маишӣ ва хизматрасонӣ, дар ноҳияи Дарвоз меҳмонхонаи «Хонаи шикорчиён», дар шаҳри Норак осоишгоҳ –табобатгоҳ, дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳрҳои Ваҳдату Панҷакент комплексҳои сайёҳӣ, дар мавзеъҳои Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва Такоби ноҳияи Варзоб ҳавзҳо барои шикори моҳӣ бунёд ёфта, марказҳои   хизматрасонии нақлиётӣ бо фарогирии автобусҳои маъмуливу дуошёна ва дигар навъҳои автомобил таъсис дода мешаванд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нуқтаи муосири хизматрасонии таксии “Эйшн Экспресс” ва “Рахш такси”  ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ғайр аз ин, системаи нақлиёти пойтахти кишвар бамаротиб беҳ гардид. Аз ҷумла,  истгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шуда, ҳисоббаробаркуниҳо дар нақлиёти мусофирбари умум тариқи кортҳои пардохтӣ сурат мегиранд.
Қобили  зикр аст, ки пас аз додани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ таваҷҷуҳи соҳибкорон барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа зиёд гардид. Аз ҷумла, беш аз 30 субъект барои фаъолият дархост пешниҳод намуда, аллакай 18-тои онҳо ба кор оғоз намуданд.
Дар баробари ин, вақтҳои наздик баҳри ривоҷу равнақ  бахшидан ба навъҳои гуногуни хизматрасонии сайёҳӣ, рушди истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ (бахусус армуғонҳо барои сайёҳон), тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта, бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон дар гирду атрофи мавзеъҳои туристӣ инфрасохтори зарурӣ бунёд хоҳанд гашт.
Рушди инфрасохтор яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон ба кишвар мебошад ва  дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои муассир андешида шудаанд, ки, бешубҳа, дар ояндаи наздик Тоҷикистони азизи моро ба макони сайру саёҳати ҷаҳониён табдил хоҳад дод.
Шаҳноз ҚУРБОН, Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 1360
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед