номаҳо
МАРДИ ҚАВЛУ АМАЛ. НОМАИ СИПОС БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз аз Ҷамоати деҳоти Сағирдашт низ дидан намуданд.
Зимни сафарашон Пешвои миллат иншооти сохтмонашон ба итмомрасидаро ифтитоҳ бахшида, хишти аввали бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро барои 620 хонанда гузоштанд.
Президенти мамлакат ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ҷамоат мардумро ба он бовар кунонданд, ки онҳо аз дастгирӣ ва ёрии беғаразонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ бенасиб нахоҳанд монд. Иқлими ин ҷамоати деҳоти баландкӯҳро ба инобат гирифта, барои тоза намудани роҳҳо ҷудо кардани техникаи пуриқтидорро низ ваъда доданд.
Дар ибтидои соли 2018 техникаи ваъдашуда - булдозери тамғаи WD 165Y аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маркази ноҳияи Дарвоз оварда шуд. Чанд рӯз пеш булдозер тавассути ағбаи Хобу Рубот 45 километр роҳро аз барфу санг тоза намуда, вориди Ҷамоати деҳоти Сағирдашт гардид.
Ворид шудани булдозер ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт мушкилоти ин мардумро, ки солҳои пешин 5 - 6 моҳ то ба маркази ноҳия роҳашон баста мешуд ва мардум дар рӯзҳои сербарфу борон тавассути ноҳияи Сангвор ба маркази ҷумҳурӣ ва аз марказ тавассути роҳи Шикеф Зиғар бо азобу машаққат ва хароҷоти зиёд ба маркази ноҳияи Дарвоз мерафтанд, ҳаллу фасл гардид.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт аз ин хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро якдилона ва дастаҷамъона пайгирӣ менамоянд. Пирони барнодил дар ҳаққи Сарвари маҳбубу дилсӯзи халқу Ватан дуои нек менамоянду наврасон ба ояндаи неки он бо бовар ва дили гарм назар меафкананд.
Кабир РАҲИМОВ,
сокини Ҷамоати деҳоти Сағирдашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2018 №: 46 Мутолиа карданд: 1409