маориф
ДОВТАЛАБ ЭССЕ МЕНАВИСАД
Шурӯъ аз соли равон дар низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муасиссаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб иқдоми мазкурро эълом дошта, бар замми саводнокии фикрӣ саводнокии хаттии довталабонро тақозо намуда буданд.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, акнун довталабон илова ба пурсишҳои тестӣ эссе низ менависанд. Дар бораи эссе ва тарзи навишту қоидаҳои он то оғози имтиҳонҳо маълумоту раҳнамоҳои гуногун чоп ва паҳн карда мешаванд.
- То имрӯз барои ошноии бештар бо ин тарзи санҷиш дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва моҳномаи «Маърифати омӯзгор» мақолаю матлабҳо нашр шуда буданд. Довталабони дохиливу хориҷӣ номгӯи мавзӯъҳои эссеро аз сомонаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва нашрияҳои он дастрас карда метавонанд, - изҳор дошт сардори маркази матбуотии вазорат Э. Сафарзода.
Довталабон имконият доранд, ки мавзӯъҳои пешниҳодшударо то фаро расидани муҳлати имтиҳон пурра омӯхта, ҳамроҳи омӯзгоронашон омодагии ҷиддӣ бубинанд.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯъҳои кори хаттӣ аз фанни забон ва адабиёт буда, ба се бахш тақсим шудаанд: адабиёти классикӣ, муосир ва мавзӯъҳои озод. Мавзӯъҳои озод муқаддасоти миллӣ, рукнҳои давлатӣ, асосҳои ҳуқуқ ва давлат, ваҳдату ягонагӣ ва хидматҳои мондагори Пешвои миллатро дар давлатсозии навин фаро мегиранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.02.2018 №: 48 Мутолиа карданд: 1323