logo

амрҳои президент

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50 - солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.

2. Дар боғи мазкур пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта шаванд.

3. Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 марти соли 2018, № АП -1016

Шарҳи амр

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” амрро ба имзо расонданд.

Дар асоси амри мазкур раиси шаҳри Душанбе бояд барои ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз намудани номи боғи «50 - солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод манзур намояд.
Тибқи дастури дигари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гузошта мешаванд.
Ба хотири дар амал татбиқ кардани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирони номбурда озмун эълон менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки ин тадбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хислати накуи башардӯстӣ, сулҳпарварӣ ва мусоидат ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ба хотири гиромидошти фарзандони барӯманди ду миллати дӯсту ҳамсоя - Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ва қадршиносии онҳо баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, амалӣ мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 5829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед