logo

энергетика

РАШТ. БУНЁДИ ИНШООТИ НАВИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Дар ноҳияи Рашт дар доираи «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 - 2020» ва лоиҳаи «Бехатарии энергетикӣ дар водии Рашт» бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ҳамчунин, дастгирии молиявии Шоҳигарии Норвегия чанд иншооти муҳими энергетикӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар асоси лоиҳа ду неругоҳи хурди барқи обии деҳаҳои баландкӯҳи Лангар ва Порвоқ навсозӣ гардида, иқтидори неругоҳҳо баланд бардошта шуд ва  беш аз 300 хоҷагӣ бо барқ таъмин гардид.
Дар деҳаи Пингони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, ки танҳо як неругоҳи хурд бо иқтидори кам фаъолият мекард ва аҳолиро фақат бо рӯшноӣ таъмин менамуд, хати барқи 10 - киловатта ба масофаи 3 ҳазору 575 метр кашида шуд. Ин имконият фароҳам овард, ки деҳа ба шабакаи ягонаи барқӣ пайваст шавад. Ҳамчунин, дар ин ҷо истгоҳи трансформатори пуриқтидор ва хати барқи дохили деҳа дар ҳудуди 1 500 метр мавриди истифода қарор гирифт. Маросими ифтитоҳи расмии иншоот бо иштироки муовини раиси ноҳия Муқими Олимҷон ва намояндаи САҲА дар Тоҷикистон Туула Юрёля баргузор гардид.
Муқими Олимҷон иброз дошт, ки бунёд ва азнавсозии иншооти ҳаётан муҳим дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла деҳаҳои ноҳияи Рашт, ҳамоно вусъат дорад. Ин  иқдом ба шарофати дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд ба хотири расидан ба ҳадафҳои олии кишвар ва беҳсозии сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ, хусусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, вазъи таъминот бо барқ ба маротиб беҳтар гардида,   маҳалҳои дурдасти аҳолинишин имконияти дастрасӣ ба неруи барқ пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз татбиқи барномаи зикршуда низ дастрасии ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба неруи барқ ва ба ин васила вусъат бахшидани рушди иқтисодию иҷтимоӣ, васеъ намудани саҳми ноҳияҳо дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва рушди сайёҳӣ мебошад.  
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2018    №: 52-53    Мутолиа карданд: 17380
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед