туризм
БАДАХШОН. БЕҲТАРИН САМТИ САЙЁҲӢ
Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин барои сайёҳӣ» ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва ҳудуди уқёнуси Ором мақоми аввалро соҳиб шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, маросими ҷоизасупорӣ дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB) Берлин -2018, (7-11март) доир гардид. Ҷоиза ба намояндаи Ассотсиатсияи сайёҳии фарҳангиву экологии ВМКБ Ситора Саодатқадамова супурда шуд.
Таъкид гашт, ки эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ чун яке аз беҳтарин маконҳои сайёҳии ҷаҳон барои ҷалби бештари туристони хориҷӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи намоишгоҳ, 8-умин ҷамъомади вазирони сайёҳии давлатҳои иштирокчии барономаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» баргузор шуд, ки дар он муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода ширкат варзид.
Зимни ҳамоиш нақши рушди сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир, махсусан дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум, таъкид гардид. Ҳамчунин, дар бораи рушди сайёҳӣ дар кишварҳои ба барномаи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» дохилшаванда табодули афкор сурат гирифт.
Боиси тазаккур аст, ки дар калонтарин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ҷаҳон (ITB) Берлин – 2018 намояндагони 16 ширкати сайёҳии ватанӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро зери шиори "Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ» бо тарҳи нав ва унсурҳои миллӣ, ки инъикосгари захираҳои бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар мебошанд, пешниҳоди дӯстдорону ҳаводорони сайру саёҳати ҷаҳон гардонданд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2018 №: 55 Мутолиа карданд: 1407