қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Моддаи 1. Қисми 3 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2017 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2017, № 11, мод.781; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2018, № 1504) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Дар соли 2018 Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши озуқа, инчунин воридоти маҳсулот, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 марти соли 2018, № 1514
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 марти соли 2018, № 1019
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.2018 №: 55 Мутолиа карданд: 1298