маориф
МАОРИФ. САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ ОН МЕАФЗОЯД
Маориф яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятноки давлат маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ корҳои ободонӣ дар ин самт сол то сол зиёд гашта истодааст. Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод, аз бурду бохти ду соли охири соҳа маълумот дода, изҳор намуд, ки дар сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ соҳибкорони саховатманд саҳми хешро гузошта истодаанд.
Яке аз онҳо Ҷамшед Ғафуров аст, ки барои беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва рушди соҳа беш аз 160 ҳазор доллари амрикоӣ сарф намудааст. Қобили зикр аст, ки ин ҷавонмарди ватандӯст 50 ҳазор доллар барои навсозии варзишгоҳи мактаби хатмкардаи худ харҷ кард. Ҳамчунин, бо ташаббуси ӯ барои таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Кенҷаобод бо маблағи беш аз 100 ҳазор доллар бинои нав сохта шуд.
Ф. Наҷмиддинов миннатдории худро ба Ҷ. Ғафуров изҳор дошта, дар радифи ӯ номи мардони саховатпеша Нусрат Саломов ва Темур Юнусовро зикр кард, ки аз корхонаҳои шахсиашон барои муассисаҳои таълимии ноҳия маводи зарурӣ ҷудо намудаанд.
Танҳо соли гузашта бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ дар назди мактабҳои деҳаҳои Кӯлобиён, Навобод ва Меҳробод 400 ҷойи нишасти иловагӣ омода шуд. Муассисаҳои таълимии рақамҳои 23, 24, 26, 29 ва 32 низ бо дастгирии мардони саховатманд соҳиби синфхонаҳои нав гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки се сол пеш бо ибтикори роҳбарияти ноҳияи Файзобод суратҳисоби «Хазинаи саховатмандони диёр» кушода шуд. Тайи се сол барои ободонӣ аз ин хазина ҳазорҳо сомонӣ сарф шуд.
Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2018 №: 57-58 Мутолиа карданд: 1189