logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

26 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст аз рӯи масъала: “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш   дар   давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019” вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода гузориш дод.
Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар барои татбиқи саривақтӣ ва гузарондани чорабиниҳо “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2017 баъди ба истифода додани маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва пайваст кардани шабакаҳои гармӣ ба манзилҳои истиқоматӣ аз рӯи сарфаи неруи барқ дар мамлакат маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ пурра бардошта шуд.
Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 ҷиҳати захираи ангишт, истифода ва татбиқи иқтидорҳои нав аз ҳисоби неругоҳҳои нави барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, омода кардани ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бахшҳои маорифу тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои Раёсати оташхомӯшкунии ҷумҳурӣ, инчунин, бунёди иншооти зиддитармавӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бораи номгӯй ва миқдори техника, нақлиёти махсуси коммуналию мусофиркашонӣ, нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои сабукрави назоратӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, гузориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шунида шуд.
Дар бораи қоидаҳои муайян кардани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода пешниҳод гардид.
Лоиҳаи қарори мазкур асос ва тартиби ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии нотамомро новобаста аз сарчашмаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва таъйиноташ ба танзим медарорад.
Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи қувваи корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур доданд, ки бо дарназардошти мавҷуд будани қувваи кофии меҳнат ва бо риояи ҳамагуна қонунгузориҳо, сабукиҳои рафтуомади шаҳрвандон байни кишварҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, оид ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022», «Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди баррасӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”  гуфта шуд, ки мақсади таъсиси ин ниҳод омӯзиш ва ба роҳ мондани мониторинги доимии пиряхҳо ва сарчашмаҳои дигари обии Тоҷикистон мебошад.
Ба роҳ мондани фаъолияти Маркази омӯзиши пиряхҳо барои татбиқ намудани Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, мусоидати бевосита мерасонад, зеро пиряхҳо манбаи асосии захираҳои обӣ буда, таҳқиқу омӯзиш ва мониторинги доимии онҳо на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки давлатҳои поёноб аҳамияти басо муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани киштукори баҳорӣ, дода шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 8168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед