маориф
Ректор изҳори нигаронӣ кард
Раҷабмад Амиров, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки «ин муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашт. Яъне дигар ҳуқуқ пайдо намуд, ки устодони арзандаро барои гирифтани унвонҳои илмӣ пешниҳод намояд».
Зумрае аз устодон ва донишҷӯёни консерватория дар чорабиниҳои илмию фарҳангии кишвар ва дигар мамолики дунё бо маърӯзаҳои илмӣ баромад ва ҳунарнамоӣ карданд.
Консертҳои синфии устодон баргузор ва ба воситаи телевизион намоиш дода шуданд.
Аз ҷумла омӯзгори кафедраи фортепианои махсус А. Галиахмедова ва донишҷӯи курси 5 С. Амонов дар ҳайати интероркестри ИДМ баромад намуданд.
Барои беҳтар кардани заминаи моддӣ-техникӣ маркази ягонаи компютерӣ, пайваст бо интернет ва толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.Дарсҳои маҳорат аз ҷониби олимон ва ҳунармандони маъруфи олам дар соҳаи мусиқии касбӣ баргузор гардиданд.
Раҷабмад Амиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки маоши омӯзгорон хеле кам ва ин ба болоравии сатҳи таълим халал мерасонад.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5459