номаҳо
ДАРҲОИ ДӮСТӢ БОЗ ШУД. АКНУН...
Мо, се хоҳарон, дар солҳои гуногун мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар риштаи омӯзгорӣ хатм кардаем. Аммо қариб бист сол мешавад, ки дипломҳоямонро эътироф намекарданд ва дар ҷойи кор ёфтан ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегаштем. Рости гап, қариб аз баҳри дипломҳо баромада, думболи касби дигарро мегирифтем. Хушбахтона, оғози баҳори имсол насими форами ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ чеҳраҳоро шод намуду дилҳоро фараҳ бахшид ва аз нияти неку азми қавии сарони ҳар ду мамлакат - Тоҷикистону Ӯзбекистон дарак дод; ниҳоят, муносибати бародархондагӣ эҳё гардид. Ҳамаи ин аз баракати президентҳои ҳар ду кишвар мебошад, ки орзуву омоли халқҳои худро бароварданд ва дарвозаҳои дӯстиро кушоданд. Басо рамзист, ки Президенти ҷумҳурии мо Шавкат Мирзиёев ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарвозаи рамзиеро туҳфа кард, ки ҳамеша боз аст.
Дар мулоқоти сарони ду кишвар қариб сӣ созишнома ба имзо расиданд, ки тамоми муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро барқарор карданд. Боварӣ дорем, ки баъди ин муносибатҳои аҳли маориф ҳам устувор гашта, ба манфиати насли наврас буда, масъалаҳои таълиму тарбия ва эътирофу баробарарзишии диплому ҳуҷҷатҳои таҳсилот ҳам ҳалли худро меёбанд.
Гулшаной, Рӯшаной ва Наргис АСЛОНОВА,
омӯзгорон аз деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2018 №: 61 Мутолиа карданд: 1587