маориф
МУШКИЛ ҲАЛ МЕГАРДАД
«Сокинони Бешкаппа кай соҳиби мактаб мешаванд?», «Ҷумҳурият» аз 2 марти соли 2018
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтани 130 муассисаи таълимӣ далели равшани самти афзалиятнок будани соҳаи маориф дар ҷумҳурии азизамон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021» ба тасвиб расид, ки тибқи он ба ҷойи мактабҳои дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҳолати садамавӣ қарордошта ва дар деҳаю маҳалҳои навбунёд сохтани мактабҳо шурӯъ шуд. Дар асоси қарор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмон ва азнавсозии 94 муассисаи таълимӣ ба маблағи 205,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят 144 муассисаи таълимӣ ба маблағи 2276,9 миллион сомонӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 328 муассисаи таълимӣ ба маблағи 702,1 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ба таври умум, маблағгузории сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1 миллиарду 135,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 18 дарсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 20 дарсад аз буҷети маҳаллӣ ва 62 дарсад бо ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи мазкур дар вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд ба ҷойи мактабҳои дар биноҳои куҳна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгирифта сохта мешаванд, ки боварӣ ҳаст мушкили мавҷударо хеле ҳал мекунад.
Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 – и шаҳри Кӯлоб фарзандони аҳолии чанд деҳаи атроф таҳсил мекунанд. Соли 2015 дар деҳаи Тоқакаппа мактаби нав сохта шуд, ки як қисми хонандагонро ба таҳсил фаро гирифт. Барои фарзандони аҳолии деҳаи Бешкаппа низ муассисаи таълимӣ сохтан зарур аст, зеро роҳ на он қадар дур бошад ҳам, барои хонандагони хурдсол душворӣ меорад. Духтарон бошанд, баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар мактаби деҳаи ҳамсоя бемалол идома дода метавонанд. Бо назардошти вазъи ҷойдошта дар асоси нақша дар деҳаи Бешкаппаи шаҳри Кӯлоб сохтмони мактаб ба рӯйхати иншооти сохташавандаи Фонди Қувайтӣ ворид карда шуд. Вобаста ба имконияти молиявӣ сохтмони он оғоз меёбад.
Э. САФАРЗОДА,
сардори маркази матбуоти Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2018 №: 61 Мутолиа карданд: 1214