мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНҶЕЙ СЕБАСТЯН ДУДА
26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кӯтоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистону Полшаро баррасӣ карда, оид ба баъзе масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Дуда ба Сарвари давлати мо барои пазироии гарм изҳори сипос намуда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2018 №: 61 Мутолиа карданд: 1299