ҳуқуқ
ИФРОТГАРОӢ. ҶАВОНОН НАБОЯД ФИРЕФТА ШАВАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ иброз доштанд, ки: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».
Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу воситаҳои он ба таври мушаххас ва муътамад дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.
Диққати рӯзафзун ба ин масъалаи мубрам аз он бармеояд, ки дар ақсои олам, хосса дар мамолики Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат- ун - нусра», «Ҷайш - ал - ҳур» «Ихвон -ул- муслимин» ва ғайра ҷангу хунрезиҳо ангехта, боиси ҳалокат, хонабардӯшӣ ва фирори садҳо ҳазор мардуми осоишта мешаванд. Ҳамчунин, боиси нигаронист, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғин кашида мешаванд. Мутаассифона, миёни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Чӣ онҳоро водор мекунад, ба сафи ин ҷаллодону қотилон пайванданд? Мубориза барои тавсеаи ғояҳои дини мубини ислом, ки хоҷагони пасипардагӣ ин муборизаро ҳамин тавр маънидод мекунанд? Фиреби маҳз аст ин! Охир, куштору ғорат, азобу шиканҷаи ҳамдин, рехтани хуни ноҳақ, қатли занону кӯдакон, пирони барҷомонда, ба харобазор табдил додани шаҳру навоҳии обод магар метавонад бо дини мубинамон ягон иртибот дошта бошад?! Ҳеҷ гоҳ!
Маро, ки аз ҷумлаи 6 миллион насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастам, ин ҳама ваҳшоният, разолату ҷаҳолат ба даҳшат меорад, ки миёни онҳо ҳамсолони ман низ ҳастанд. Як ба гирду атроф нигаред ва муқоиса кунед, ки Душанбе, ё худ зодгоҳи мову шумо 20 сол пеш чӣ гуна буду ҳоло чӣ симое гирифтааст? Ободиҳое, ки тӯли ин солҳо дар кишварамон ба амал омадаанд, қиёснопазиранд. Ин ободкориҳоро насли аз мо пеш кардаанд ва мо бояд ин корро давом диҳем, то ки диёри азизамон боз ҳам зебою шукуфо гардад. Он ҳамсолони гумроҳшудаи ман низ бояд маҳз дар ҳамин сафи ободкорон бошанд, на дар сафи одамкушону ғоратгарони гурӯҳҳои ба ном «муборизони роҳи ислом». Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳайёст. Бояд хонд, ҳунар омӯхт ва аз пайи кор шуд, оилаи ободу зебое барпо кард. Меҳнате, ки ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи оилаи худ низ ҳаст. Зеро асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад. Афсӯс мехӯрам аз он ҳамсолони фиребхӯрдаи худ, ки неруи ҷавонияшон на сарфи ободии Меҳан, балки куштори мардуми бегуноҳ, харобкорӣ сарф мегардад.
Албатта, бинобар чораҳои муассир андешидани Ҳукумати мамлакат масъалаи мазкур мисли пешина тезутунд нест ва пурра ҳал шуданаш кори вақт аст. Аммо то замоне ки ҳатто як ҳамсоли ман дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ бошад, мубориза алайҳи терроризму экстремизм идома хоҳад ёфт.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, коромӯз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2018 №: 62-63 Мутолиа карданд: 969