logo

туризм

САЙЁҲӢ. МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН БОЛО МЕРАВАД

Сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон эътироф гаштааст.  Дар аксари кишварҳо он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум таъсири мусбат мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ  иқтидори воқеӣ дорад.

Бо назардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Бо мақсади ба ҷараёни ҷаҳонии туризми байналмилалӣ шомил намудани Тоҷикистон аз соли 2008 масъулини соҳа дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Ҷопон), Лондон (Британияи Кабир) ва Москва (Русия) баргузор мегарданд, иштирок менамоянд. Дар натиҷа имрӯз Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ ҳамчун кишвари дорои 4 пайраҳаи Шоҳроҳи абрешим эътироф гардидаст.
Дар ин давра бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи самараноки захираҳои об аз соли 2009 ҳамасола экспедитсияи байналмилалӣ барои фатҳи қуллаҳои «Исмоили Сомонӣ» ва «Озодӣ» ташкил ва баргузор мегардад. Дар экспедитсия кӯҳнавардон аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон, аз қабили Фаронса, Испания, Шведсия, Венгрия, Булғористон, Литва, Украина, Русия ва дигар кишварҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 78 кишвар низоми содакардашудаи раводиди электронӣ ҷорӣ шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳар чи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳар чи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин карда истодаанд. Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон; сомонаи интернетии “Globe Spots” - дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ (дар соли 2014), нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic” - (28 феврали соли 2016) шоҳроҳи Помири Тоҷикистон дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, маҷаллаи ТОП – 100 дар соли 2015 - 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 кӯҳҳои Помир, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Бино ба маълумоти форуми мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз зинаи 119-ум ба 107-ум боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард. 
 Ҷаҳонгир САФАРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 1138
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед