номаҳо
ҲАМЕША ДУОГӮЯМ, КИ...
Ман маъюби гурӯҳи якумам ва аз узви босира маҳрумам, аммо чашми дилам биност. Яъне аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ огоҳам. Ҳамеша дасти дуо баланд ва аз Офаридгор таманнои онро мекунам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша Сарвари давлат ва Роҳбари тоҷикони ҷаҳон бошад.
Наметавон ба гузашта ба дидаи ибрат нанигарем ва аз он барои худ сабақ нагирем. Наметавон он рӯзҳои даҳшатборро аз ёд бурд ва нақши онро аз хотираҳо сутурд. Бис-ёр вақт меандешам, ки агар оташи фурӯзони ҷанг хомӯш намегардид, моро чӣ интизор буд? Посухҳо, албатта, дар ин маврид нек нест.
Ба бахти ин миллати ҳамеша ҷабри таърихдида Худованд Сарвари шоистаро фирис-тод. Аз нахустин суханони ӯ буд, ки то охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман худро ором ҳис намекунам. Ин суханони таърихиро мардум чун ваъдаи нек хуш пазируфтанд ва таманно карданд, ки Худованд дар ин ҳол дасташ бигирад, ба ёрияш биёяд. Ӯ, воқеан, гурезаҳо ва фирориёнро ба Ватан баргардонд. Дари фитнаҳоро бо ҷасорати том баст. Оташи фурӯзони ҷангро хомӯш кард. Давлати тоҷиконро мустаҳкам ва пойдор сохт. Аз ифтихори миллӣ, аз ободиву созандагӣ гуфт. Сатҳи маърифати мардумро боло бардошт.
Боиси ифтихор бояд бошад, ки таҷрибаҳои кишвари моро меомӯзанду аз рӯи он амал мекунанд. Ман аз он мефахраму сипосгузорӣ мекунам, ки фазои кишварамон софу ором аст.
Агар саодати худу пойдории давлату миллатро бихоҳем, дар атрофи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд боз ҳам зичтар ҷамъ биёему баҳри ободӣ, шукуфоии кишварамон чун ӯ дилсӯз бошему заҳматписанд.
Наҷмуддин ЗАМОНОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.2018 №: 62-63 Мутолиа карданд: 1409