ҳуқуқ
ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ОҒОЗ ШУД
Бахшида ба оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 800 – солагии Москваи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиа, ноҳияҳои пойтахт, волидону наздикони даъватшудагон ва фаъолон маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид.
Тавре аз раёсати иттилоот ва муносибатҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ва сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявии Вазорати мудофиа Меҳваршо Донаёрзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ нишони мардонагиву ҷасорат буда, аз ҳар як шаҳрванд зиракиву ҳушёриро талаб мекунад. Ҳифзи марзу бум ва мардуми кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат пуриқтидор гардида, барои хизмат ба ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир фароҳам оварда шудааст.
Дар ин робита ҷавононро мебояд ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гардидааст, хусусан сулҳу субот, осудагию оромӣ ва пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизамон бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2018 №: 66 Мутолиа карданд: 1136