номаҳо
ВАРЗОБ. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МАКТАБ
Сатҳи донишомӯзии хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 - и ноҳияи Варзоб бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои ҷойдошта бисёр хуб аст. Шумораи таълимгирандагони мактаб кам бошад ҳам, дар рафти озмунҳо нисбат ба дигар муассисаҳо фаъоланд ва соҳиби медалу ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Аз ҷумла, соли 2017 хонандагони муассиса аз олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ 8 медали тилло ва 1 нуқра ба даст оварданд. Ҳамчунин, аз ҳабдаҳ хатмкунанда 13 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб гашт.
Бо вуҷуди фаъолияти пурсамари муассиса муддатҳост, ки хонандагон бо мушкилиҳои зиёд бар мехӯранд.
Ба гуфтаи устоди собиқадор Ҷалолиддин Холов, муассиса соли 1985 сохта шуда, дорои 8 синфхона мебошад. Ҳоло дар он 173 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, онҳо дар ду баст таҳсил мекунанд. Талабот ба таҳсили босифат ва салоҳиятнок солҳои охир зиёд шуда бошад ҳам, то имрӯз мактаб бинои замонавӣ надорад. Ҳатто аз ноилоҷӣ синфхонаеро аз байн девор бардошта ду қисм кардаанд, ки барои гузарондани дарсҳо мувофиқ нест.
Тоҷиддин Табаров, иҷрокунандаи вазифаи муовини директор, гуфт, ки мактаб аз соли таъсис то кунун толори варзиш надорад. Дар синфхонаҳои фаннӣ низ ашёи аёнӣ кайҳо боз иваз нашудаанд. Бар замми ин, муассиса дар минтақаи садамавӣ қарор дорад.
Мактаб дар байни дара сохта шуда, дар он эрозияи хок ва лағжиш пайдо шудааст. Ба гуфтаи Ҷалолиддин Холов, муассиса аз рӯи нақша сохта нашудааст. Масофаи чанд деҳаро ба назар гирифта, мактабро дар ин дара сохтаанд. Ҳар сол сел омада, хисорот мерасонад. Роҳҳо низ таъмирталаб шудаанд.
Намояндагони масъул вазъи мавҷударо донанд ҳам пайваста посух медиҳанд, ки: «Баъзеҳо дар вагонҳо мехонанд. Шароити шумо беҳтар аст».
Ба раиси ноҳия чанд маротиба дархост навиштем, лек барои бунёди мактаби нав замин ҷудо нашуд. Соҳибкорони маҳаллӣ ҳозиранд дар сохтмон ёрӣ расонанд, вале масъалаи замин ҳалношуда боқӣ мондааст, - изҳор дошт Ҷалолиддин Холов.
Лола РИЗОЕВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2018 №: 66 Мутолиа карданд: 1611