туризм
САЙЁҲӢ. ТАШРИФИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ ТАРИҚИ ҚАТОРА БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ширкати сайёҳии ватании «Ориён Адвентур» дар ҳамкорӣ бо ширкати “Lernidee Erlebnisreisen GmbH” - и давлати Олмон ташрифи гурӯҳи сайёҳони хориҷиро ба Хатлон ташкил менамояд.
Ширкати мазкури хориҷӣ бо кушода шудани роҳи оҳани Термез – Бохтар (Қӯрғонтеппа) тасмим гирифт, ки моҳҳои июн, август ва октябри соли ҷорӣ боздиди 3 гурӯҳи сайёҳонро (ҳар гурӯҳ зиёда аз 100 нафарӣ) ба Хатлонзамин ташкил намояд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорӣ ва сайёҳӣ барои боздид аз имкониятҳои сайёҳии кишвари мо марҳила ба марҳила афзуда, дар ин ҷода бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, аз қабили кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан, роҳандозии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат дар бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат намуда истодааст.
Натиҷаи иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи калонтарини байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2018, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ширкат варзида, имкониятҳои сайёҳии Ватанамонро муаррифӣ карданд. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои зиёди ҳамкорӣ бастанд ва иштирок дар ин намоишгоҳи бонуфузи байналмилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Сафари дар назар будаи гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ маҳз натиҷаи талошҳои пайвастаи масъулону ҳавасмандони рушди соҳа мебошад, ки нуфузу эътибори кишвари моро ҳамчун макони сайёҳӣ дучанд мегардонад.
Ёдрас мешавем, ки вилояти Хатлон барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ, хеле мувофиқ буда, махсусан мақбараи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритуз, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Шаршараи “Сари Хосор” дар ноҳияи Балҷувон, Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод, Тахти сангин дар Қубодиён ва даҳҳо дигар мавзеъҳо, таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардаанд.
Айни ҳол, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ маводҳои зиёди иттилоотӣ аз нашр бароварда шудаанд, ки маконҳои тамошобоби вилояти Хатлонро фаро гирифта, ройгон миёни ҳаводорони сайру саёҳат тавсеа гардида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки ширкати сайёҳии «Lernidee Erlebnisreisen GmbH» тавассути қатора сайёҳонро ба Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо барои саёҳат хизматрасонӣ намуда, дар соҳаи сайёҳӣ таҷрибаи бузург дорад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.04.2018 №: 67 Мутолиа карданд: 1427