logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ф. Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва А. Садшоева, ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғ, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Ман дар як манзил бо модарам ва бародарам зиндагӣ мекардем. Ба модарам танҳо ман парасторӣ мекардам ва тамоми хароҷоти хонаро ба уҳда доштам. Аз рӯзи вафоти модарам як сол сипарӣ шуд. Масъалаи ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кардани манзили истиқоматиро чӣ тавр ба роҳ монам?   
А. СУЛТОНОВ,  шаҳри Левакант

Агар марҳум модаратон то вафоташ манзили истиқоматиашро ба шумо ҳадя ва ё бо аҳди дигар ҳуқуқи моликиятиашро нагузаронда бошад, он гоҳ то рӯзи вафот нигоҳубин кардан, гузарондани маросимҳои дафн ва пас аз дафнӣ, пардохти хараҷотҳои хона ва ғайра ба шумо ҳуқуқи ба номи худ гузарондани хонаро намедиҳад. Яъне, шумо чун дигар фарзандон танҳо ба гирифтани ҳисса аз мероси модаратон ҳуқуқ доред. Аз ин рӯ, барои барасмиятдарории ҳиссаи худ ба идораи нотариалӣ муроҷиат менамоед ва оид ба доираи  меросхӯрони дигар маълумоти заруриро ба нотариуси давлатӣ мерасонед.

* * *
- Ман оиладор шуданиам, аммо кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тавсия доданд, ки то маълумотномаи тиббӣ оид ба саломатӣ пешниҳод накунам аризаи маро қабул намекунанд. Оё ин амал дуруст аст ва барои чӣ маълумотномаи тиббӣ дар ин ҳолат зарур шумурда мешавад?
Н. ҶУМЪАЕВА, сокини ноҳияи Рӯшон

Қонунгузорӣ дар моддаи 14 - и  Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳолатҳоеро, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегардад, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштани шахсонеро, ки мехоҳанд ақди никоҳ банданд, эътироф кардааст. Дар моддаи 15 - и ҳамин кодекс дарҷ шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқоматии доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 1162
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед