ҳуқуқ
ЛЕВАКАНТ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН КОҲИШ ЁФТААСТ
Дар се моҳи аввали соли 2018 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз тарафи ноболиғон 7 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳолат кам мебошад. Дар ин давра содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ошкор нашудааст.
Тавре Аъзам Ҳусайнов, котиби комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, иттиллоъ дод, нисбат ба волидайни ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ задаанд, пратоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар пайи он, бо қарори суд волидони бемасъулият муваззаф шуданд, ҳар кадом ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима супоранд. Дар ин давра кормандони ниҳодҳои марбута дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии оворагардӣ, рафторҳои зиддиахлоқӣ ва ҷинояткорӣ дар марказҳои дилхушӣ 8 маротиба рейди муштарак гузаронда шудааст. Гузашта аз ин, ба манзури тарбияи маънавии ноболиғон дар қасри фарҳанг ва толорҳои муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии зиёда аз 6300 нафар хонанда аз моҳи ноябри соли хониши 2017-2018 - ум 5 маротиба намоиши театрӣ ба саҳна гузошта шудааст.
Аз тарафи масъулони комиссия ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангию ҳуқуқӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон чорабиниву вохӯриҳои судманд пайваста ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла, бо иштироки кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 10 маротиба суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, коромӯз
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2018 №: 71 Мутолиа карданд: 1061