номаҳо
ГУМРОҲ НАБОШЕМ
Дар кишвари ором, озоду зебо зиндагӣ кардан орзуи ҳамешагии инсонҳост. Мо хушбахтем, ки дар Ватани азизу озод, яъне Тоҷикистон, ҳаёт ба сар бурда, дар ободониву шукуфоии он саҳм мегирем.
Мутаассифона, баъзе ҷавонон ин ҳама зебоиҳо ва неъматҳои зиндагиро нодида гирифта, аз бесаводию ноогоҳӣ раҳгум мезананд. Ин қабил ашхос ба доми одамони аз меҳри Ватан, модар, оила дур ва нохалаф афтида, ҳаёти ширини худро талх мекунанд. Имрӯз мо бояд ҳушёр бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, то ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро наафтем. Ватани худро аз чунин одамони сиёҳботин ҳимоя кунем ва барои насли оянда шароити хуби зиндагиро муҳайё намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ таъкид мекунанд, ки ояндаи кишвари мо дар дасти ҷавонони бомаърифату масъулиятшинос мебошад. Ин таъкидҳо моро водор менамояд, ки барои омӯхтани илму донишу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талоши бештару беҳтар намоем. Аз гумроҳшавӣ худро эмин нигоҳ дошта, вақти қимати худро самаранок истифода барем.
Агар мо аз як гиребон сар баровардаву даст бар даст ниҳода, бар зидди ифротгарон мубориза барем, албатта, ғолиб мебароем. Пеш аз ҳама, мо бояд бар он кӯшем, ки онҳо бародарони моро аз роҳ назананд.
Таҳмина АЛИЗОДА, донишҷӯ, шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2018 №: 72 Мутолиа карданд: 1769