ҳуқуқ
СУҒД МАЪРАКАИ ДАЪВАТ БА ЧОРАБИНИИ ИФТИХОРӢ ТАБДИЛ ЁФТ
Беш аз ҳазор нафар ҷавонони ватандӯсти шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар як маросими тантанавии бошукӯҳ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Ба ин муносибат, дар варзишгоҳи «20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» - и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 25 ҳазор сокини вилоят чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки дар хотири наваскарон барои ҳамеша чун як рӯзи фархунда боқӣ хоҳад монд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бошукӯҳ изҳор дошт, ки хизмат ба Модар - Ватан рисолати фарзандӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст. Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафи Артиши миллиро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба як чорабинии хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Дар оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ гусели беш аз 1000 нафар ҷавонон аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят басо рамзи нек аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони бо нангу номуси мо баҳри ҳимояи Ватан, таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа омодаанд. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоду боварӣ ба насли созандаи кишвар, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъ чунин муроҷиат кардаанд: «Ҳар яки шумо бо хизмати содиқонаи худ бояд исбот намоед, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд».
Раҷаббой Аҳмадзода, изҳори ризоият намуд, ки ин ҳамоиш тайи солҳои охир анъанавӣ ва дар сатҳи баланд доир гардида, ба эҳёи анъанаҳои неки маросими гусели наваскарон, маъракаҳои нонгазон ва раҳнамоии волидону пайвандони наваскарон мусоидат менамояд. Дар давоми беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расондааст.
Барномаи рангини фарҳангӣ ва баргузории маросими милливу аҷдодӣ, аз қабили нонгазону дуои пирони рӯзгордида ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд. Барномаи консертии аҳли санъат зиннатбахши чорабинии гусели наваскарон буд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2018 №: 72 Мутолиа карданд: 1053