маориф
Ихтисос оид ба реклама таъсис меёбад
Мӯъминҷон Шарифов, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки панҷ сол боз ҷараёни таълим тибқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Онҳо талош доранд, ки ин шакли омӯзиш ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Бо ин мақсад барои омӯзиши донишҷӯён синфхонаҳои лексионӣ ва лабораторияҳои озмоишии бо асбобу анҷоми навин муҷаҳҳаз ташкил кардаанд. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим аз 1 октябр маоши муаллимонро чил дар сад зиёд намуданд.
Мақсад аз фароҳам овардани шароити мусоиду ҳавасмандии донишҷӯёну устодон тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурист, мегӯяд сарвари донишгоҳ.
Дар донишгоҳ як китобхонаи электронӣ, инчунин китобхона дорои 218084 нусха китоби дарсӣ, методӣ ва бадеӣ, маркази компютерӣ ва 12 синфхонаи компютерӣ дар хизмати донишҷӯён аст.
Омода намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар маркази диққати махсуси раёсати донишгоҳ мебошад. Аз давраи таъсис додани шӯъбаи аспирантура то имрӯз шумораи аспирантон аз 6 ба 58 нафар расида, 26 нафари онҳо аз рӯи 9 ихтисос рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Раёсати донишгоҳ дар ояндаи наздик ният дорад, ки дар муассисаи таълимиашон маркази омӯзиши забони англисӣ таъсис диҳад. Дар марказ на танҳо донишҷӯён, балки муаллимон ҳам метавонанд ин забонро омӯзанд. Ҳамчунин, сарварони донишгоҳ дар соли таҳсили оянда омӯзиши ихтисоси нав оид ба рекламаро таъсис доданӣ ҳастанд.
Убайдуллои МУРОД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5449