ҳуқуқ
ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН ВОЛИДОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ БА ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ КАШИДА ШУДАНД
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо дар вақти шабона» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мунтазам чораҷӯӣ менамоянд.
Маъмурони милитсияи пойтахт ба ин манзур чорабиниву рейдҳои шабона баргузор намуда, мавридҳои зиёди ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғонро ошкор ва сабт намуданд. Бино ба иттилои сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузарондани рейдҳои мақсаднок дар марказҳои дилхушӣ ва интернет - кафеҳо 34 - нафар аз ҷумла, 12 ноболиғ ва 22 - нафар ҷавонро ба шуъбаҳои милитсия бурданд. Аз шумораи дастгиршудагон 19 нафар ба оворагардӣ, 9 нафар машғули бозиҳои компютерӣ, 2 нафар ба талбандагӣ ва 4 нафар ба шустани нақлиёт дар ҷойҳои мамнӯъшуда машғул буданд.
Санҷишҳо дар ин самт нишон доданд, ки омили аслии чунин ҳуқуқвайронкуниҳо бемасъулиятии падару модарон ва аз назорати онҳо дур мондани фарзандон мебошад. Аз ин рӯ, нисбат ба 9 нафар падару модаре, ки ба таълиму тарбия ва назорати фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир намудаанд, тибқи қонунгузорӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи талаботи моддаи 8 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон вазифадоранд, ки дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2018 №: 74 Мутолиа карданд: 1031