туризм
БАРРАСИИ ЛОИҲАИ "СТРАТЕГИЯИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030"
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он аъзои гурӯҳи корӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва мутахассисону коршиносони соҳа ширкат варзиданд.
Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, иброз намуд, ки стратегия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, таҳия гардидааст. Он самтҳои мухталифи бахши сайёҳӣ, аз ҷумла беҳтар кардани хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳою гузаргоҳҳои сарҳадӣ, омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён, додани раводид ва бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, омор ва маълумот, самтҳои афзалиятнок ва бартаридоштаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, қадамҳои минбаъда ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дигар ҷанбаҳои соҳаро фаро мегирад.
Лоиҳаи мазкур аз 6 боб – сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт, вазъи кунунӣ ва самтҳои стратегии рушди сайёҳии кишвар, дувоздаҳ қадам дар роҳи рушди устувори сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тақсимоти минтақавӣ, SWOT – таҳлили соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мониторинг ва арзёбии стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 иборат мебошад.
Қайд гардид, ки бо дарназардошти қабули «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 – 2020» барои татбиқи босамари «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳияи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021 – 2025» ва «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2026 – 2030» дар назар аст.
Боиси тазаккур аст, ки лоиҳаи «Стратегия рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» санади муҳими соҳа буда, рушди онро барои 12 соли минбаъда муайян мекунад ва мақсад аз таҳияи он ҷалби бештари шумораи сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва сармоя ба соҳаи сайёҳӣ, муайян намудани саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини инфрасохтори зарурӣ мебошад.
Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2018 №: 75 Мутолиа карданд: 1580