ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Фарҳод Тоиров, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарух Алибекзода, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Собиқ келинам ба манзили истиқоматии ман маскун шуд, вале аз рӯзи маҷбуран ба хонаамон ворид шудан нисбат ба ман - молики манзил беҳурматӣ мекунад. Яқинан, ӯ ин амалҳоро барқасдона мекунад ва ман инро дида саломатиам бад мешавад. Барои ислоҳи чунин вазъ кадом чораҳои қонунӣ мавҷуд аст?
Г. ВАЛИЕВА, ноҳияи Ҷайҳун
Шахсе, ки ҳамчун аъзои оила ба манзили истиқоматии шумо маскун карда шудааст, тибқи қонун бояд қоидаҳои зисту зиндагии умумиро вайрон накарда, дар як манзил якҷоя зиндагӣ кардани дигаронро ғайриимкон нагардонад. Гузашта аз ин, ҳамон иншоотеро бояд истифода намояд, ки ба истифодаи онҳо ҳуқуқ дорад. Агар амал ва рафторҳои аъзои оилаатон ба талаботи ёдрасшуда ҷавобгӯ набошад, ба шумо зарур аст, ки чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятиро ба роҳ монед. Танҳо пас аз он, ки чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятӣ натиҷа надоданд, метавонед ба суд даъво пешниҳод кунед.
* * *
- Аз ҳамсарам ҷудо шудам. Ду фарзандам якҷоя бо ҳамсарам зиндагӣ мекунанд. Аз суд ба ман занг зада талаб доранд, ки ба суд ҳозир шавам. Мегӯянд, ки оид ба рӯёндани алимент аз ман ба суд ариза пешниҳод шудааст. Бояд чӣ кор кунам?
Д. НУРҶОНОВА, шаҳри Душанбе
Тибқи қоидаҳои қонуни мурофиавии граждании мамлакат ба суд даъват шудани шумо ин яке аз талаботи асосии таъмин кардани адолати иҷтимоӣ аз тарафи суд мебошад. Суд бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии тарафҳо дар таъмини адолати судӣ шуморо даъват карда, нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимакардаи даъвогарро месупорад. Дар ҳамин ҳол, ба шумо ҳуқуқҳоятон фаҳмонда шуда, имконият дода мешавад, ки нисбат ба талаботи пешниҳодшуда норозигӣ ва ё талаботи даъвогии худро пешниҳод намоед. Аз ин рӯ, агар ба суд даъват карда бошанд, зарур аст, ки бо шиносномаи шаҳрвандии худ ҳозир шуда, нусхаи аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо қабул намоед ва дар ҳолати зарурӣ ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, ҳуқуқҳои худро ҳимоя намоед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.04.2018 №: 77 Мутолиа карданд: 1193