ҳуқуқ
ДАНҒАРА. 70 НАФАР ҶАВОНИ ВАТАНДӮСТ БА САФИ АРТИШ ПАЙВАСТ
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки 1 апрели соли ҷорӣ оғоз гардид, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома дорад. Аз ноҳияи Данғара низ то имрӯз аллакай 70 нафар ҷавони ватандӯст ва қобили хизмат ба сафи Артиши миллӣ пайваст.
Тавре Садриддин Сайдализода, раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар рӯзи гусели наваскарон изҳор дошт, адо намудани хизмати ҳарбӣ қарзи ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Зеро Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагист.
Комиссариятҳои ҳарбӣ низ чун як узви Артиши миллӣ вазифадоранд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоянд, то сафи даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ тадриҷан афзояд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Мо ин вазифаи худро бояд бо ҳисси ифтихор ва масъулияти баланд иҷро намоем. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обу тоби ҳаёт аст. Зеро ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Эмомалӣ Сатторов, аз ҷумлаи ҷавонони далер аст, ки сари вақт ба комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳозир шудаааст. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ бояд омодаи хизмат бошанд. Дарк кунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард мебошад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.04.2018 №: 77 Мутолиа карданд: 1066