номаҳо
СИПОСНОМА БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
86- солаам. Шукр, дар ин синну сол тандурустаму пойи равону дасти гиро дорам. Як умр дар ободонӣ, шукуфоии гӯшаҳои гуногуни кишвар саҳм гирифтаам. Ҳар пешравию тараққиёти сарзамини аҷдодӣ маро шод месозаду фараҳманд. Ҳамеша бо таъкид изҳор медорам, ки ба қадри сулҳу осоиштагӣ, истиқлолу ваҳдат ва неъматҳои фаровони ин Ватани маҳбуб бирасему ҳамзамон дар рушду нумӯи он саҳми арзандаву чашмрас бигирем.
Чанд рӯз пештар ба пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе рафтам. Мақсад гузошта будам, ки пас аз рӯзе бармегардам, аммо обу ҳаво, зебоиву шукуфоии шаҳр раъйи маро дигар кард. Зарур донистам, ки чанд рӯзи дигар дар он ҷо бимонам.
Бо вуҷуди пириям пиёда гардиш мекардам. Гулҳои тару тозаву рангоранг, дарахтони сабз диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳо барои кӯдакон дар ҳар маҳалла бунёд ёфтаанд. Боғҳои фароғатӣ бо ҳусну намуди нав дилрабоянд. Биноҳои баланду хуштарҳу замонавӣ гувоҳ аз боло рафтани завқу масъулияти бинокорон аст.
Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки шаҳрдорӣ, хусусан раиси он Рустами Эмомалӣ, ҷавони ташаббускор, бо эҳсоси масъулияти роҳбарӣ ва шаҳрвандӣ ҳамаи тадбирҳоро баҳри ободониву шукуфоии пойтахт меандешад.
Лозим донистам, ки ин номаи сипосро ба унвони идораи рӯзнома бифиристам ва дар зимни он ба ӯ дуои давлату тандурустӣ, ривоҷи кору хушбахтӣ бидиҳам.
Абдураҳмон ШАМСИЕВ,
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.2018 №: 78 Мутолиа карданд: 1698