ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ЗАМИН
Дастгир шудани ду нафар ҳангоми гирифтани пора
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси муроҷиати як шаҳрванд нафаронеро боздошт намуданд, ки дар қаллобӣ вобас-та ба замин айбдор мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ, шаҳрванд «Б» бо ариза ба ин ниҳод муроҷиат кардааст, ки Амрулло Умаров, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Ёқуб Махсумов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, барои вобаста намудани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар деҳаи Дарёбоди Ҷамоати деҳоти Чимтеппа аз ӯ 13000 доллари амрикоӣ талаб намудаанд. Кормандони агентӣ дар пайи ин муроҷиат рӯзи 14 апрел зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ афроди ришваталабро ҳангоми аз шаҳрванд «Б» гирифтани 5000 доллар дар ошхонаи “Ҳоҷиён”, воқеъ дар назди бозори “Саховат” - и шаҳри Душанбе дастгир намуданд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Амрулло Умаров ва Ёқуб Махсумов бо моддаи 32 қисми 3 ва 247 қисми 4 банди “б” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Зани наберафурӯш боздошт шуд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти зане хабар дод, ки дар харидуфурӯши наберааш гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти милитсия ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки зани 49 - солаи сокини ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон рӯзи 20 марти соли 2016 набераи ноболиғи худро ба зани 35 - солаи сокини ноҳияи Қубодиён фурӯхтааст. Маблағи фурӯши кӯдак 1200 сомонӣ ва 100 доллари амрикоӣ гуфта мешавад, ки онро фурӯшанда ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Айни ҳол нисбат ба зани гумонбар дар харидуфурӯши ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.04.2018 №: 79 Мутолиа карданд: 1090