logo

энергетика

ДУШАНБЕ. ЯК ТАСМИМИ МУҲИМ

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» низоми таъмини неруи барқ дар пойтахти мамлакат боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
- Агентии Япония тасмим гирифтааст, ки барои сохтани як адад зеристгоҳи барқи навъи 110-35-10 кВт дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо насби ду адад трансформатори иқтидорашон 40 мегаволт - ампер ва таҷдиди зеристгоҳи барқи 110-35-10 кВт тавассути  иваз намудани ду адад трансформатори иқтидорашон 25 бо трансформаторҳои иқтидорашон 40 мегаволт - ампер ва пурра иваз кардани чашмакҳои 35 ва 10 киловолт дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маблағгузорӣ намояд.
Ин нуктаро Султон Раҳимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни ташреҳи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баён намуд. Тибқи ҳисоботи техникӣ арзиши лоиҳаи мазкур ба 20 миллион доллар баробар аст.
Назар ба гуфтаи муовини вазир, зеристгоҳҳои мавҷуда ҳанӯз дар солҳои 70 - уми асри гузашта сохта шуда, айни замон таҷҳизоти онҳо куҳнаву фарсуда шудаанд.
Бо сохтани зеристгоҳ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шабакаи барқӣ аз серборӣ озод гардида, ҷиҳати кам шудани талафоти техникӣ ва баланд гардидани сатҳи таъмини неруи барқ заминаи хуби техникӣ гузошта мешавад. Воридоти таҷҳизоти барқӣ ва трансформаторҳо аз Япония ва кишварҳои Аврупо дар назар буда, корҳои сохтмонӣ ба зиммаи ширкатҳои ватанӣ вогузор шудааст.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2018    №: 79    Мутолиа карданд: 17309
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед