ҳуқуқ
ДУЗДӢ АЛИШЕРРО БОРИ ШАШУМ ПАСИ ПАНҶАРА БУРД
Суди шаҳрӣ сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат Алишер Саидовро, ки қаблан панҷ маротиба суд шудааст, бори шашум равонаи зиндон кард.
Дар маҷлиси судӣ, ки таҳти раисии судяи суди шаҳри Ваҳдат Бахтиёр Холиқзода ҷараён гирифт, Алишер Саидов бо ҷурми дуздӣ дар чанд ҳолат гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми суд 3 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид. Ин кирдори ҷинояткорона бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а», «в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст гардида, маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт сипарӣ хоҳад кард.
Алишер Саидов маротибаи охир тибқи ҳамин моддаи Кодекси ҷиноятӣ бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муддати се сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Ҳанӯз муҳлати ҷазо ба поён нарасида, номбурда дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 ба озодӣ баромад. Мутаассифона, ранҷи зиндон ва маҳрумият аз озодӣ ба ӯ сабақи зарурӣ надод ва дигарбора ба содир намудани ҷиноят даст зад. Дар чанд маврид молу амволи мардумро дуздида, бо нархи камтар аз арзиши воқеӣ ба фурӯш мегузошт. Чунончи, аз деҳаи Муминободи Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат як сар чорвои калони Илҳомиддин Пировро, ки 1800 сомонӣ нарх дошт, дуздида дар деҳаи Абдулободи шаҳр ба маблағи 500 сомонӣ ба савдо зад. Маблағи муфт ба дастомада аз ҳисоби ин кирдори зишт ба Алишер гӯё «илҳом» бахшид, ки ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, ба дуздии дигар амволи мардум дасту панҷа нарм кард.
Тибқи далелҳо, маҳкумшуда дар се ҳолати дигар дучархаҳои асосан сокинони деҳаи Ваҳдатободро ба яғмо бурда, дар шаҳри Душанбе ва бозори марказии шаҳри Ваҳдат фурӯхтааст. Вале, бар пояи ин ҳақиқат, ки «бори каҷ ба манзил намерасад» ва ё «як бор ҷасти малахак…» ниҳоят ин дузди таҷрибадор ба даст афтод. Кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ Алишер Саидовро боздошт ва чорвои дуздидашудаву як адад дучархаро ба соҳибонашон баргардонданд.
Ҳангоми баррасии парванда маҳкумшуда Алишер Саидов худро бо айби эълоннамудаи тафтишоти пешакӣ бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а», «в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳкор ҳисобида, аз гуноҳи содирнамудааш сидқан изҳори пушаймонӣ кард. Вале, агарчӣ иқрори гуноҳ, изҳори пушаймонӣ ва талофӣ намудани зарари расондашуда тибқи қонунгузорӣ ба Алишер дар мавриди таъйини ҷазо то андозае сабукӣ оварда бошад, аммо ӯро аз ҷавобгарӣ озод накард. Ҳолати ба миёномада баёнгари он аст, ки ҳеҷ як амали хилофи қонун бе ҷавобгарӣ намонда, мунтаҳо парда аз рӯӣ ҳамагуна ҷиноят бардошта хоҳад шуд.
Ф.ҶУМЪАЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.04.2018 №: 82 Мутолиа карданд: 1101