logo

номаҳо

БА ХОТИРИ КӮДАКОНАМ МЕНАВИСАМ…

Ман ин номаро на барои худам, балки барои ояндаи фарзандонам менависам. Зеро фарзанд агар дуруст камол наёбад, шароити хуби зиндагӣ ва таълиму тарбия надошта бошад, ояндааш номаълум боқӣ мемонад.
Ман сокини ноҳияи Фирдавсӣ буда, бо шавҳари бемор ва 3 фарзанди ноболиғ зиндагӣ мекунам.
Дар оғози зиндагӣ ҳоли хуб доштем, аммо баъди таваллуди кӯдаки аввалинамон шавҳарам гирифтори бемории «рассеянный склероз» (суддабандии бофтаи узвҳо ва фаромӯшхотир) шуд.
Табобати тӯлонӣ гирифт, аммо ҳолаш бадтар гашта, оҳиста - оҳиста аз роҳ гаштан, ҳарф задан ҳам монд. Ба гуфтаи табибони пойтахт, ин намуди бемории рӯҳӣ дар ҷаҳон ангуштшумор аст ва табобати дақиқаш ҳанӯз пайдо нест.
Баъди ин ҳодисаҳо ранҷу азоби ман дучанд гардид. Аз як тараф нигоҳубини бемор ва аз тарафи дигар тарбияи фарзандон. Муаммо дар он аст, ки хонаи хушдоманам, ки он ҷо ба сар мебарем, 3 - ҳуҷрагӣ буда, 10 кас зиндагӣ доранд. Аз он як ҳуҷрааш ба оилаи ман расидааст, ки, албатта, барои 5 кас тангӣ мекунад. Барои бозӣ, хӯрокхӯрӣ, дарстайёркунӣ ҳамагӣ як ҳуҷра. Баъзе вақт кӯдаконам дилтанг мешаванд ва ними шабҳо аз хоби нозашон хеста, гиря мекунанд.
Шояд ин ҳам муаммо набошад. Вале дар як ҳуҷра бо падари беморашон зиндагӣ кардани се кӯдаки ноболиғ ҳар замон диламро фишор медиҳад. Шабҳо ҳамсарам аз дард менолад, бедор мешавад, шароити нигоҳубини беморони рӯҳӣ бароятон маълум аст. Ин ҳол даҳ сол боз идома дорад.
Сахт метарсам, ки фарзандонамон низ ба ягон беморӣ дучор нашаванд. Аз ин сабаб, аз роҳбарияти ноҳия ва аз касони эҳсонкор хоҳиш мекардам, ки агар имкон пайдо шавад, ҳамин хонаи 3 - ҳуҷрагиро гирифта, аз ягон гӯшаи шаҳр ҳавлӣ диҳанд.
Маҳбуба ТУЛАЕВА,
сокини ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.05.2018    №: 86    Мутолиа карданд: 2173
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед