барқияҳо
ТАСАЛЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ ШОИРИ МАЪРУФИ ТОҶИК БОЗОР СОБИР
1 майи соли 2018, соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе, шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79 - солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.
Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст.
Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ - Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳанд монд».
ҶАСАДИ БОЗОР СОБИР БА ВАТАН ОВАРДА МЕШАВАД
1 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш доданд, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.05.2018 №: 86 Мутолиа карданд: 5300