номаҳо
АРЗИ СИПОС
Дар беморхона чун гуфтанд, ки синҳорам, яъне келинамро ҳатман бояд ҷарроҳӣ кард, ғамгин шудам ва хотирам парешон гашт. Бардоштани ин бори ғам ба души дил ба мани пирамарди 87 – сола осон набуд. Андешидам, ки кор ба чӣ меанҷомад, дар сурате пули бисёру берун аз талаботи рӯзгор надорем. Беихтиёр дар ин ҳол чашмам пуроб шуд. Гулноза Саидова, мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, аз аҳволу изтиробам магар чизеро пайхас намуд, ки пурсид: «Чӣ мушкиле доред?». Посух гуфтам: «Мо пул надорем, барои ҷарроҳӣ кардан пул надорем. Ғамам аз он сабаб аст, ки тақдири беморамон ба чӣ меанҷомад».
Гулноза Саидова як табассуми зебо карданду гуфтанд: «Бобоҷон, ҷарроҳии қайфариро худам мекунам, пули шумо даркор нест. Мо барои ҳамин корҳоямон аз давлат маош мегирем. Агар хизматамон ба шумо писанд афтаду аз мо розӣ бошед, як дуои нек кофист».
Ба ростӣ, мешунидаму ҳеҷ бовар наменамудам, ки барои ҷарроҳӣ аз мо пул намегиранд. Не, ҳамчунон шуд, ки гуфта буд. Баъдҳо гуфтанду изҳор доштанд, ки Гулноза Саидова 21 сол аст, ки чун табиб дар ноҳия бо донишу таҷриба, муносибати нек ва хидмати холисона дар миёни мардум маъруф мебошаду аз маҳбубият бархӯрдор аст.
Шукр, ҳазор шукр, синҳорамро баъди ҷарроҳиву табобат ба хона овардем. Алҳол вазъи тандурустияш хуб аст. Дар ҳаққи Гулноза Саидова бошад, аз он рӯз, яъне 23 январи соли равон ҳамеша дуои нек мекунам.
Насриддин АЛИЕВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.05.2018 №: 87 Мутолиа карданд: 2435