ҳуқуқ
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТИ СУДӢ БО ВАО
Дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Суди Олии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Норвегия ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар мавзӯи “Дастрасӣ ба иттилооти судӣ” семинар - тренинг баргузор шуд.
Зимни он масоили ҳамкориҳои васоити ахбори омма бо мақомоти судии кишвар ҷиҳати дастрасии иттилоот, ба роҳ мондани равобити самарабахш байни онҳо, зарурати котибони матбуотӣ дар мақомоти судӣ ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон зарурати баргузор намудани чунин семинар - тренингҳоро, ки ба боз ҳам тавсеа ёфтани робитаҳои мақомоти судӣ ва васоити ахбори омма мусоидат хоҳанд кард, таъкид намуданд.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.05.2018 №: 88 Мутолиа карданд: 1147