logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ЭРЛАН АБДИЛДАЕВ

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ ёфтанд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегиранд, барои таҳкиму густариши онҳо ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд ва рушди иқтисодии кишварҳо, дар оянда бояд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муҳиму стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард, амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи  СASA - 1000 ва дигар бахшҳои асосӣ талошҳои муштаракро ба роҳ монад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои рушди робитаҳои мустақим дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг ва дигар бахшҳои судмандро муҳокима карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, баррасӣ карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2018    №: 88    Мутолиа карданд: 1348
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед