туризм
ИСФАРА. САЙЁҲӢ ДАР ҲОЛИ РУШД
Шаҳри бостонии Исфара таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Дар шаҳр бештар аз 110 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки аксари онҳо ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд. Ҳамчунин, табиати дилангезу нотакрор, обҳои мусаффои рӯду чашмасорони ин гӯшаи сарсабзи диёр қалбҳоро тасхир кардаанду офаридаҳои ҳунармандони гулдасташ дар олам маъмулу машҳуранд.
Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар шаҳри Исфара чун дигар манотиқи туристии кишвар ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва таъсиси хатсайрҳои нав тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Бино ба иттилои мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муртазо Эгамзод соли 2017 зиёда аз 6 ҳазор сайёҳ аз Исфара дидан кард.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Исфара барои ба роҳ мондани сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва табобатию солимгардонӣ иқтидори бузург дорад. Махсусан, туризми таърихӣ-фарҳангӣ дар ин ҷо рушд кардааст. Ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон барои дидани оромгоҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Хоҷа Рӯшноӣ (асрҳои X-XII) ва Хоҷа Насрулло (асри XIV) меоянд. Ин ёдгориҳои таърихӣ аз лиҳози меъморӣ ва илмӣ басо нодиранд. Дар баробари ин, аз наздик дидани катибаҳои рӯйи санги Ҷамоати деҳоти Ворух, ки бо хати куфӣ навишта шудаанд, барои сайёҳон мароқангезанд.
Ҳоло харитаи сайёҳӣ таҳия шуда, дар шаҳр 7 хатсайр амал мекунад. Ҳамчунин, дар мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр таҳияи хатсайрҳои нав дар назар аст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.05.2018 №: 89 Мутолиа карданд: 1291